Гутеррес ҳамла ба масҷиде дар Афғонистонро маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33786-Гутеррес_ҳамла_ба_масҷиде_дар_Афғонистонро_маҳкум_кард
Дабири кулли Созмони милал ҳамлаи террористии ахир дар Афғонистонро маҳкум кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 07, 2018 11:01 Asia/Dushanbe
  • Гутеррес ҳамла ба масҷиде дар Афғонистонро маҳкум кард

Дабири кулли Созмони милал ҳамлаи террористии ахир дар Афғонистонро маҳкум кард.  

Антонио Гутеррес дар баёнияе аз ҳамлаи рӯзи шанбе ба масҷиде дар устони Хости Афғонистон, ки маҳалли сабти номи раъйдиҳандагони интихоботи парлумонии ин кишвар буд, интиқод кард.  

Гутеррес ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла таслият гуфт ва барои захмишудагон орзуи беҳбудии сареъ кард.  

Бар асари инфиҷори бомб дар масҷиде дар устони Хости Афғонистон 19 нафар ҷон бохтанд ва 34 нафар захмӣ шуданд.