Таҳрими маросими ифтитоҳияи сафоратхонаи Амрико дар Қудс
Беш аз ними мақомоти хориҷии даъватшуда ба маросими ифтитоҳияи сафорати Амрико дар Қудс, ин даъватро напазируфтаанд.
Дар ҳоле, ки муддати андаке ба баргузории маросими интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Қудс мондааст, аз 86 дипломате, ки ба ин маросим даъват шуданд, танҳо 30 дипломат ба ин даъват посух додаанд.
Ба гузориши рӯзномаи саҳюнистии Ҳооретс, то кунун кишварҳои Австралия, Олмон, Ирландия, Малта, Мексика, Португалия, Полша, Русия, Шветсия ва Миср низ эълом кардаанд, ки дар ин маросим ширкат нахоҳад накард.
Доналд Трамп шашуми декабри 2017 бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, Қудсро пойтахти режими саҳюнистӣ муаррифӣ кард.
Давлати Амрико низ тасмим дорад рӯзи 14 май маросими интиқоли сафорати худро аз Телавив ба Қудс баргузор кунад.
Ин иқдомот, эътирозоти фаластиниҳо ва вокунишҳои байналмилалиро алайҳи тавтиаҳои ҷадиди Амрико ва режими Исроил алайҳи Қудс дар пай доштааст.
Дар чунин фазое дар пайи иқдоми Амрико ба шиносоии Қудс ба унвони пойтахти режими Исроил, маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид, 21 декабри 2017 бо тасвиби қатъномае эълом кард, Созмони милали муттаҳид, Қудсро пойтахти режими Исроил нахоҳад шинохт.
Фаластиниҳо низ зимни маҳкум кардани иқдомоти Амрико хостори таҳрими маросими интиқоли сафоратхонаи Амрико ба Қудс шудаанд.
Трамп бо ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими сохтагии Исроил ва тасмим ба интиқоли сафоратхонаи Амрико аз Телавив ба Қудс - нишон дод, ки дар душманӣ бо фаластиниҳо ва мусулмонон кам намегузорад.
Водоштани фаластиниҳо ба бозгашт ба мизи музокироти созиш дар баробари истимрори кумакҳои молӣ ва қатъи кумакҳо ба Ожонси корёбӣ ва имдодрсонии Созмони милал ба оворагони фаластинӣ, бахше дигар аз сиёсатҳои зиддифаластинии Трампро нишон медиҳад, ки ин ҳама нишонаи душмании вай бо миллати Фаластин аст.
Ҳадафи аслии ин иқдомоти хасмонаи амрикоиҳо поён додан ба масъалаи Фаластин ва пок кардани он аз афкори умумии ҷаҳонӣ аст, то бо сиёсатҳои режими ғосиби саҳюнистӣ барои густариши шаҳраксозиҳо ва дар ниҳоят яҳудисозии Қудс - ҳамроҳӣ кунанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияте, ки мавзӯи Қудс барои фаластиниҳо ва ба таври куллӣ барои ҷаҳони ислом ва афкори умумии ҷаҳон дорад, ҳар гуна ҳаракати Амрико барои ҳамроҳӣ бо сиёсатҳои султагаронаи Исроил дар Қудс дорои паёмадҳои манфӣ барои Амрико, аз ҷумла дар арсаи дипломатӣ хоҳад буд.
Таҳрими густурдаи маросими ифтитоҳи сафоратхонаи Амрико дар Қудси ишғолӣ, инзивои бештари Амрико дар арсаи байналмилалиро намоён карда аст.