Хорватия барои нахустин бор финалисти Ҷоми Ҷаҳонӣ шуд
(last modified Thu, 12 Jul 2018 05:21:21 GMT )
Июл 12, 2018 10:21 Asia/Dushanbe
  • Хорватия барои нахустин бор финалисти Ҷоми Ҷаҳонӣ шуд

Тими миллии футболи Хорватия бо бартарии 2 бар 1 муқобили Англия барои нахустин бор дар таърих ба финали Ҷоми Ҷаҳонӣ роҳ ёфт.

Ба гузориши ИРНА, дар дувумин дидори марҳалаи ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонӣ-2018 тимҳои Англия ва Хорватия дар варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Маскав бо ҳам рақобат карданд, ки ин рақобати ҳассос бо пирӯзии 2 бар 1-и тими миллии Хорватия ба итмом расид. Шаби сешанбе низ тими миллии футболи Фаронса дар дигар мусобиқаи марҳалаи ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Русия бо пирӯзии як бар сифр муқобили Белгия ба дидори ниҳоии ин мусобиқот роҳ пайдо кард.

Тимҳои Хорватия ва Фаронса 15-уми июл барои таъйини қаҳрамони бисту якумин давраи Ҷоми Ҷаҳонии футбол ба ҳам мусобиқа хоҳанд кард. Дидори радабандӣ низ 14 июл байни Англия ва Белгия баргузор мешавад.