Июл 18, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Пистаи Эрон, барандаи ҷанги тиҷории Амрико бо Чин

Рӯзномаи Вол Стрит Журнал дар гузорише навишт, ба лутфи ҷанги тиҷории Трамп бо Чин, Эрон ба зудӣ ҷои Амрикоро дар бозори пурравнақи пистаи Чин хоҳад гирифт.

Ин рӯзномаи амрикоӣ дар гузорише аз зиёни ҳангфти пистакорони амрикоӣ дар паи оғози ҷанги тиҷории Трамп бо Чин хабар дод.

Ба лутфи ҷанги тиҷории Трамп бо Чин ва афзоиши қиммати об дар Калифорния, пистакорони амрикоӣ, ки дар гузашта ба рағми ҳазинаи болои кошти ин маҳсул, суди саршоре аз содироти он ба даст меоварданд, акнун дар остонаи варшикастагии комил қарор гирифтаанд.

 

Барчасп