Ҳимояти муҷаддади Олмон аз эҷоди механизми молии мустақили аврупоӣ барои ҳифзи БарҶом
(last modified 2018-09-01T05:57:29+00:00 )
Сентябр 01, 2018 10:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти муҷаддади Олмон аз эҷоди механизми молии мустақили аврупоӣ барои ҳифзи БарҶом

Вазири умури хориҷаи Олмон бори дигар бар лузуми эҷоди равиш ё созукори молии аврупоии мустақил аз Амрико дар Аврупо барои ҳимоят аз тавофуқи ҳастаии БарҶом таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Дойчавела”, Ҳейко Мас, вазири умури хориҷаи Олмон дар дидори ҳамтоёни аврупоии худ дар Вена гуфт, бояд дар бораи системаи молии аврупоии мустақил сӯҳбат кард. Зеро ки дар ғайри ин сурат чиниҳо чунин системае эҷод хоҳанд кард ва ин ба салоҳи Аврупо нест.

Ҳейко Мас пештар ҳам бо ишора ба лузуми ҳифзи тавофуқи ҳастаии БарҶом бо ташкили низоми пардохти молии аврупоии мустақил аз Амрико гуфта буд, таъсиси ниҳоди молии аврупоӣ ва низоме шабеҳи Свифт бидуни вобастагӣ ба Амрико, комилан ногузир ва зарурӣ аст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ҳаштуми май бо вуҷуди мухолифати кишварҳои аврупоӣ ва низ Чин ва Русия, аз тавофуқи ҳастаии БарҶом хориҷ шуд.

Ба дунболи хуруҷи Амрико аз БарҶом, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои имзокунандаи БарҶом, зимни эъломи пойбандии худ ба ин тавофуқ, хостори ҳифзи он шуданд.

Теҳрон лозимаи мондани БарҶомро иқдомоти амалии Аврупо барои тазмини манофеи барҷомии Эрон эълом кардааст.

 

Барчасп