Сентябр 01, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати бозаргонии Чин: Пекин таслими фишорҳои Амрико нахоҳад шуд

Ба дунболи таҳдиди раисҷумҳури Амрико барои хуруҷ аз Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, сухангуи Вазорати бозаргонии Чин гуфт: Пекин таслими фишорҳои Амрико нахоҳад шуд.

Гао Фен гуфт: Чин ҳамчунон ба шакли пойдор, масири ислоҳот ва дарҳои бозро идома медиҳад ва аз низоми чандҷонибаи тиҷорӣ ҳифозат мекунад ва ҳозир ба таслим дар муқобили фишорҳои Амрико нест.  

Вай иқдомоти Амрикоро дар бархурд ва таомули тиҷорӣ бо дигар кишварҳо аз ҷумла Чин, нодуруст ва пурмухотира донист.

 

Барчасп