Дархости комиссари ҷадиди олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар бораи Мянмар
(last modified Mon, 10 Sep 2018 13:49:07 GMT )
Сентябр 10, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости комиссари ҷадиди олии ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар бораи Мянмар

Комиссари ҷадиди олии ҳуқуқи башари Созмони милал, шаклгирии механизмеро барои расидагӣ ба ҷиноятҳои давлати Мянмар алайҳи мусулмонони Роҳингия хостор шуд.

Мишель Бачелет, Комиссари ҷадиди олии ҳуқуқи башари Созмони милал дар нахустин суханронии худ дар Шӯрои ҳуқуқи башар, ҳадаф аз ташкили ин механизми байналмилалиро ҷамъоварии мадрак ва санад аз ҷиноятҳо алайҳи мусулмонони Роҳингия дар Мянмар барои пайгарди қонунии омилони он ҷиноятҳо дар оянда донист.

Вай гуфт: “Ман аз ин шӯро мехоҳам, ки қатъномаеро тасвиб кунад ва барои тайид онро ба Маҷмаи умумии Созмони милал бифиристад, то ин механизм эҷод шавад”.

 

Барчасп