Баргузории нишасти амниятии “Як камарбанд – як роҳ” бо ҳузури Эрон дар Чин
(last modified 2018-09-13T11:06:55+00:00 )
Сентябр 13, 2018 16:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти амниятии “Як камарбанд – як роҳ” бо ҳузури Эрон дар Чин

Чаҳорумин нишасти амниятии кишварҳои узви “Як камарбанд –як роҳ” рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе бо ҳузури Ҷумҳурии Исломии Эрон дар  шаҳри Лянюнгани Чин баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин иҷлос, ки намояндагони беш аз 35 кишвар ва созмони байналмилалӣ ҳузур доштанд, Юсуфи Мӯсопур, намояндаи робити пулиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин низ, ки ба намояндагӣ аз неруи интизомии Эрон ҳузур дошт таъкид кард, амният дар воқеъ бистари тавсеаи соири иртиботот миёни кишварҳо аст.

Мӯсопур дар идома бар таъсиси дабирхонаи доимӣ барои ҳамкории наздик кишварҳои масири “Як камарбанд – як роҳ”, эҷоди системаи табодули иттилоот дар заминаи амнияти ин масир ва ҳамчунин табодули таҷрибаҳои амниятии муртабит дар ин замина ба унвони роҳкорҳое барои густариши равобит миёни кишварҳо таъкид кард.

 

Барчасп