Сентябр 29, 2018 18:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти қотеи Русия ва Чин аз БАРҶОМ ва иқдомоти муштарак барои ҳифзи он

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳамвора мавзее интиқодӣ дар бораи тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, ки дар июни 2015 байни Эрон ва гурӯҳи 1+5 аз ҷумла Амрико сурат гирифт, иттихоз карда ва онро монанди бадтарин тавофуқ талаққӣ кард. Саранҷом вай дар 8 майи 2018 хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва эъмоли муҷаддади таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон дар август ва ноябри 2018 таъкид кард.

Ин иқдоми Трамп бо вокуниши манфӣ ва интиқодоти мутааддиди аъзои гурӯҳ 1+4 мувоҷеҳ шудааст.

Илова бар Олмон, Фаронса ва Британия ва Иттиҳодияи Аврупо ба унвони аъзои тайфи ғарбии гурӯҳи 1+4, Русия ва Чин ба унвони аъзои тайфи шарқии ин гурӯҳ низ бар аҳаммияти ҳифзи БАРҶОМ таъкид кардаанд.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар Маҷмаи умумии Созмони милал эълом кард, Маскав ҳар коре, ки лозим бошад, барои ҳифзи БАРҶОМ анҷом хоҳад дод.

Лавров бо баёни инки Амрико ба сурати якҷониба аз умумии хориҷ шудааст, гуфт: Русия худро муваззаф ба ҳимоят аз тавофуқе медонад, ки тавассути Шӯрои амният тайид шудааст, ҷумҳурии исломии Эрон ба таври комил ба тааҳҳудоти барҷомии худ пойбанд будааст.

Чин низ мавзеи мушобеҳе иттихоз кардааст.

Ба гуфтаи Ванг Йӣ, вазири хориҷаи Чин: БАРҶОМ дар ваҳлаи аввал ба нафъи имзокунандагон ва дар марҳалаи баъд, ба нафъи ҳамаи ҷаҳон аст.

Ванг Йӣ зимни таъкид бар тааҳҳуди Чин барои ҳифзи БАРҶОМ гуфт: Кишвараш равобити оддии иқтисодӣ бо Эронро идома хоҳад дод.

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт: Мо ҳамроҳ бо аврупоиҳо ва ҳамчунин русҳо, чиниҳо ва дигарон дар саросари дунё, созу корҳое ба кор гирифтаем, то каналҳое барои идомаи тиҷорат бо Эрон эҷод кунем.

Русия ва Чин муътақиданд, ки бар ҳам хурдани БАРҶОМ ва лағви ин тавофуқи байналмилалӣ, таъсироти манфии зиёде барои сулҳ ва амнияти байналмилалӣ дорад.

Мусалламан ин хабари баде барои Доналд Трамп аст, ки бар ин тасаввур аст, ки метавонад хостаи ғайриқонунии худ мабнӣ бар лағви БАРҶОМ-ро ба ҷаҳон биқабулонад.

 

Барчасп