Вуруди ҳудуди 10 ҳазор зоири афғонистонии Арбаини Ҳусайнӣ (а) ба Хуросони Разавии Эрон
(last modified 2018-10-27T10:23:29+00:00 )
Октябр 27, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҳудуди 10 ҳазор зоири афғонистонии Арбаини Ҳусайнӣ (а) ба Хуросони Разавии Эрон

Мудири кулли умури рифоҳи зоирони устондории Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон) гуфт, то кунун 9 ҳазору 689 зоир (зиёраткунанда)-и афғонистонии Арбаини Ҳусайнӣ (а) аз марзҳои Хуросони Разавӣ вориди ин устон шудаанд.

Маҳдии Фурӯзон, мудири кулли умури рифоҳи зоирони устондории Хуросони Разавии Эрон имрӯз (шанбе) дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, зоирони афғонистонӣ аз устони Хуросони Разавӣ барои ширкат дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) озими марзи Ироқ мешаванд.

Фурӯзон афзуд, ин зоирони афғонистонӣ пас аз ширкат дар маросими Арбаиини Ҳусайнӣ (а) дар даҳаи охири моҳи сафар (31 октябр то ҳаштуми ноябр) ба зиёрати Имом Ризо (а), аз набераҳои бузургвори ҳазрати Муҳаммад (с) дар Машҳади муқаддас мушарраф мешаванд.

Ироқ дар Афғонистон намояндагии сиёсӣ надорад ва зоирони Арбаини ин кишвар барои дарёфти виза бояд аз кишвари дувум истифода кунанд, ки Эрон муҳимтарин макони убури алоқамандон ба зиёрати Арбаин аст ва ҳар сол ҳазорон зоир аз ин масир роҳии Ироқ мешаванд.

20 –уми моҳи сафари соли 1440 –и ҳиҷрии қамарӣ (30 октябр 2018) Арбаини шаҳодати ҳазрати Имом Ҳусайн (а), фарзанди ҳазрати Алӣ ва ҳазрати Фотима ва набераи ҳазрати Муҳаммад (с) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст. Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало мешаванд.

 

 

Барчасп