Ҳушдори Путин дар бораи талошҳо барои тағйири мувозинаи стратегӣ дар ҷаҳон
(last modified 2018-11-04T14:23:56+00:00 )
Ноябр 04, 2018 19:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Путин дар бораи талошҳо барои тағйири мувозинаи стратегӣ дар ҷаҳон

Раиси ҷумҳурии Русия дар бораи талошҳо ва иқдомоти баъзе кишварҳо барои тағйири мувозинаи стратегӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод.

Ба гузориши аш-Шарқулавсат, Владимир Путин дар паёме ба муносибати садумин соли таъсиси идораи Созмони иттилооти артиши Русия (GRU) зимни ҳушдор дар бораи теъдоди рӯ ба густариши даргириҳо ва танишҳо дар ҷаҳон ва истифода аз дурӯғ ва иқдомоти таҳрикомез ба манзури тағйири мувозинаҳои стратегӣ, нақши созмонҳои иттилоотии Русияро дар муқобила бо ин вазъ, бисёр калидӣ ва муҳим хонд.

Путин ҳамчунин бо дифоъ аз мавозеи Маскав дар баробари Сурия, нақши созмонҳои иттилоотии Русияро дар ҷанг бо терроризм дар Сурия муҳим шумурд ва таъкид кард: Ниҳодҳои иттилоотии Русия дар нобудии террористҳо дар Сурия ва кумак ба эҳёи сулҳ дар ин кишвар, нақше таъйинкунанда ва қотеъ ифо кард.

Раиси ҷумҳурии Русия афзуд: Террористҳо ва тундравҳо, ки дар пайи сӯиистфода аз низоъҳо дар ҷаҳон ҳастанд, барои хушунат ва эҷоди ошуб дар Сурия талош карданд, аммо шикаст хӯрдаанд.

Русия, омили аслии таниш дар Сурияро Амрико ва ҳамроҳии ин кишвар бо ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар иқдомоти харобкорона зидди давлати қонунии Сурия медонад.

 

Барчасп