“Вашингтон пост”: CIA ба ин натиҷа расида, ки Хошуқҷи ба дастури Бин Салмон кушта шудааст
Ноябр 17, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
Созмони иттилооти марказии Амрико ба ин натиҷа расидааст, ки рӯзноманигори мунтақиди саудӣ ба дастури валиаҳди Арабистон кушта шудааст.
Рӯзномаи “Вашингтон пост” дар гузорише навишт, ки Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) ба ин натиҷа расидааст, ки Ҷамол Хошуқҷи ба дастури Бин Салмон кушта шудааст.
Бар асоси ин гузориш, Холид бин Салмон, сафири Арабистон дар Вашингтон бо Хошуқҷи тамос гирифта буд ва ба вай дар бораи рафтан ба консулгарии Арабистон дар Истанбул итминон дода буд.