Интиқоди раиси Маҷлиси санои Афғонистон аз ботил шудани раъйи бархе ҳавзаҳои интихоботи парлумонӣ
(last modified 2018-12-10T10:09:24+00:00 )
Декабр 10, 2018 15:09 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси Маҷлиси санои Афғонистон аз ботил шудани раъйи бархе ҳавзаҳои интихоботи парлумонӣ

Раиси Маҷлиси санои Афғонистон тасмими ахири Комиссияи шикоёти интихоботӣ дар хусуси ботил эълом кардани орои интихоботи Маҷлиси миллии Кобулро ғайриқонунӣ хонд.

Фазл Ҳодӣ Муслимёр таъкид кард, ҳеҷ фарду ниҳоде ҳаққи ибтоли тамоми орои як вилоятро надорад. Ба гуфтаи вай, тибқи қонун баъд аз эъломи натоиҷи ибтидоӣ ва сабти шикоёт аз сӯйи муътаризин, дар бораи ибтол ё ботил кардани орои интихобот тасмим гирифта мешавад. Дар ҳоле, ки Комиссияи шикоёти интихобот қабл аз эъломи натоиҷи ибтидоӣ чунин тасмимиро гирифтааст.

Муслимёр ин иқдоми Комиссияи шикоёти интихоботи Афғонистонро  нишонаи зӯргӯӣ ва яккатозии ин ниҳод эълом ва аз нақши он дар эҷоди мушкилоти фарорӯи интихоботи ахири парлумонӣ дар Кобул ба шиддат интиқод кард.

Комиссияи шикоёти интихоботи Афғонистон рӯзи панҷшанбе орои интихоботи Маҷлиси миллӣ дар Кобулро ба далели тахаллуфоти густурдаи интихоботӣ ботил эълом кард. Ин дар ҳоле аст, ки Абдулбадеъ Сайёд, раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон низ ба он вокуниш нишон дод ва рад кард.

Интихоботи Маҷлиси миллии Афғонистон 20 –ум ва 21 –уми октябри соли 2018 баргузор шуд, аммо ҳанӯз на танҳо натоиҷи бисёре аз вилоёт эълом нашуда, балки иқдомоте назири ибтоли орои ҳавзаҳои интихоботӣ ба сурати куллӣ ба ихтилофот миёни ниҳодҳои мухталифи давлати Афғонистон доман задааст.

Ҳасани Ризоӣ, устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд, Комиссияи шикоёти интихобот бояд пеш аз эъломи ниҳоии натоиҷи интихобот ба шикоёт расидагӣ ва назари худро эълом кунад то сарнавишти интихобот мушаххас шавад ва ин дар ҳоле аст, ки ҳанӯз натоиҷи ибтидоии интихобот низ эълом нашудааст.

Агарчӣ Комиссияи шикоёти интихоботи Афғонистон иқдоми худро дар ибтоли интихоботи Кобул қонунӣ медонад, аммо маҳофили қонунгузорӣ дар ин кишвар бар ин эътиқоданд, то замоне ки натоиҷи куллии интихобот эълом нашуда, ҳар гуна дахлу тасарруф дар раъйи мардум ва ибтоли он метавонад муҷиби яъс ва ноумедии онон шавад. Зеро мардуми Афғонистон бо ба ҷон харидани ҳамаи хатарот ва таҳдидоте, ки аз сӯйи душманони онон шуда буд, дар пойи сандуқҳои раъй ҳозир шуданд ва зимни ба намоиш гузоштани иродаи худ барои убур аз буҳрон ва барқарории ҳукумати қонун дар Афғонистон, нишон доданд, ки ба амалкарди дастгоҳҳои мухталиф дар ин кишвар дар мавриди интихобот эътимод доранд.

Башир Ансорӣ, коршиноси умури сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд, ботил кардани интихобот дар Кобул метавонад мардуми мазлумеро, ки соатҳо дар пушти дари ҳавзаҳои раъйгирӣ истоданд ва хатароти онро ба ҷон хариданд, на танҳо ноумед кунад, балки ононро ба амалкарди масъулони интихобот бадбин мекунад.

Дар ҳар ҳол, таъхири тӯлонӣ дар эъломи натоиҷи интихобот ва ибтоли куллии орои мардум бидуни ироаи далоиле, ки мавриди пазириши ҷомеа ва ниҳодҳои мухталиф бошад, метавонад муҷиби ноумедии мардум барои ширкат дар интихоботи оянда шавад.

Тардиде нест, ҳар як аз ниҳодҳои муртабит бо интихобот бояд вазоифи худро дар ҳадди қонунӣ ва ҷалби эътимоди мардум анҷом диҳанд. Аммо ин ки ҳар иқдоме рангу бӯи ҷиноҳӣ ва ё қавмгароӣ дар арсаи интихобот дошта бошад, наметавонад ба истиқрори оромиш ва амният дар Афғонистон кумак кунад. Ин дар ҳоле аст, ки Афғонистон дар марҳалаи гузор ба шароити мардумсолорӣ аст ва ноумед кардани мардум метавонад ин фарояндро ба таъхир баяндозад.

 

 

Барчасп