Ҷоми миллатҳои Осиё: Ҷопон ва Узбакистон ба марҳалаи баъдӣ роҳ ёфтанд/ Туркманистон ҳазф шуд
(last modified 2019-01-17T16:30:24+00:00 )
Январ 17, 2019 21:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми миллатҳои Осиё: Ҷопон ва Узбакистон ба марҳалаи баъдӣ роҳ ёфтанд/ Туркманистон ҳазф шуд

Пас аз баргузории ду дидори поёнии гурӯҳи “F” дар марҳалаи гурӯҳӣ,Ҷопон бар Узбакистон ғалаба кард ва ба унвони садрнишин ба марҳалаи баъдӣ роҳ ёфт ва Уммон низ бар Туркманистон ғалаба кард.

Дар даври сеюми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Осиё ва дар гурӯҳи шашум, ду дидор ба сурати ҳамзамон баргузор шуд.

Ҷопон ва Узбакистон, ки барои саргурӯҳӣ меҷангиданд дар варзишгоҳи Халифа ба масофи ҳам рафтанд, ки нимаи аввали бозӣ бо натиҷаи як бар як хотима ёфт.

Ҷопон бозии беҳтаре аз худ ба намоиш гузошт, аммо Узбакистон рӯи як ҳаракати инфиродӣ ба гол расид ва Ҷопон дар идома, ду дақиқа баъд хеле зуд гол мусовиро ба самар расонд. Бо оғози нимаи дуввум Узбакистон чанд ҳамларо рӯи дарвозаи Ҷопон тарроҳӣ кард, аммо ин Ҷопон буд, ки бо як зарбаи хуб ба голи дуввум расид ва то поёни бозӣ, бозикунони ҳарифро контрол кард, то барандаи бозӣ шавад ва ба унвони садрнишин роҳии марҳалаи баъд шавад.

Аммо дар дигар дидори ҳамзамон Уммон ва Туркманистон ба масофи ҳам рафтанд, ки дар нимаи нахусти ин дидор ду тим ба натиҷаи як бар як расиданд.

Аммо дар нимаи дуввум Уммон ду голи дигар ба самар расонд, то аввалин бурд ва 3 имтиёзи бозиро касб кунад ва тими сеюми гурӯҳ шавад.

Туркманистон низ аз ин даври бозиҳо ҳазф шуд.