Озодии 45 муаллим аз зиндони гурӯҳи Толибон
Феврал 02, 2019 11:17 Asia/Dushanbe
45 муаллими афғон аз зиндони гурӯҳи Толибон дар вилояти Парвони Афғонистон озод шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Ово, масъулони маҳаллии ноҳияи Сиёҳгирди вилояти Парвони Афғонистон эълом карданд, аъзои гурӯҳи Толибон, ки чанд рӯз пеш 45 муаллимро дар ин ноҳия ба асорат гирифта буданд, дирӯз (ҷумъа) бо миёнҷигарии масъулони маҳаллӣ озод шуданд.
Дар ҳамин ҳол, аъзои гурӯҳи Толибон чанд рӯз пеш бо ҳамла ба мадрасаи духтарона дар шаҳри Фароҳ, дар ғарби Афғонистон, ин мадрасаро бо инфиҷори бомба тахриб карданд.
Дар як соли гузашта ба далели таҳдидоти гурӯҳи Толибон ва ҳамчунин гурӯҳи террористии ДИИШ, садҳо мадраса дар манотиқи мухталифи Афғонистон таътил шуда ва донишомӯзон аз таҳсил бозмондаанд.