Дар мухолифати қотеъ бо дархости ғайриқонунии Амрико/ Могерини: БарҶом зомини сулҳ дар минтақа аст
(last modified 2019-02-16T06:06:39+00:00 )
Феврал 16, 2019 11:06 Asia/Dushanbe
  • Дар мухолифати қотеъ бо дархости ғайриқонунии Амрико/ Могерини: БарҶом зомини сулҳ дар минтақа аст

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар конфронси амниятии Мюнхен бо эъломи мавзеи қотеи Аврупо дар лузуми пойбандӣ ба тавофуқи ҳастаии Эрон, БарҶомро барои амнияти Аврупо амре ҳаётӣ ва таъйинкунанда донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз “Вашингтон пост”, як рӯз пас аз он ки Майк Пенс, муовини раисҷумҳури Амрико хостори хуруҷи қудратҳои бузурги аврупоӣ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БарҶом) шуд ва давлатҳои аврупоиро ба талош барои давр задани таҳримҳои Амрико муттаҳам сохт, мақомоти Аврупо рӯзи ҷумъа дар конфронси амниятии Мюнхен боисрор бар пойбандии худ ба тавофуқи ҳастаии басташуда бо Эрон (2015) пофишорӣ карданд.

Дар ҳамин иртибот, Федерико Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо хитоб ба беш аз сад тан аз сарон ва мақомоти кишварҳои ҷаҳон дар панҷоҳупанҷумин конфронси амниятии Мюнхен, бо эъломи мавзеи қотеи Аврупо дар лузуми пойбандӣ ба тавофуқи ҳастаии Эрон изҳор дошт, ки 28 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ин тавофуқро зомини муассир барои сулҳ медонанд.

Могерини дар суханони худ гуфт: “Ман бовар дорам, ки агар ин ҳимояти Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он, азҷумла Фаронса, Олмон ва Англия набуд, мутмаинан тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон муддатҳо пеш мансух шуда буд. Мо ҳанӯз бовар дорем, ки ин тавофуқ барои амнияти Аврупо амре ҳаётӣ ва таъйинкунанда аст”.

Масъули сиёсати хориҷии Аврупо дар идома хотирнишон кард, ки Иттиҳоди Аврупо мусаммам аст то раванди иҷро ва пиёдасозии комили мафоди ин тавофуқро ҳифз кунад.

Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон низ рӯзи ҷумъа дар конфронси амниятии Мюнхен зимни интиқод аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом бо Эрон таъкид кард, ки Олмон, Фаронса ва Англия талош мекунанд ин тавофуқро ҳифз кунанд. Зеро агар нақз шавад, минтақаро як гом ба рӯёрӯии ошкор наздиктар мекунад.

Ин дипломати баландпояи Олмон ҳамчунин гуфт: “Мо то ба имрӯз бо ҳамкории Англия, Фаронса ва кулли Аврупо роҳҳое барои ҳифзи Эрон дар ин тавофуқи ҳастаӣ ёфтаем”.

 

 

Барчасп