Ҳимояти Арабистон аз фишорҳои Чин бар мусулмонон уйғур
(last modified Sun, 24 Feb 2019 08:09:35 GMT )
Феврал 24, 2019 13:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Арабистон аз фишорҳои Чин бар мусулмонон уйғур

Рӯзномаи “Индепендент” гузориш дод: Арабистони Саудӣ, ки худро мудофеи мусулмонони саросари ҷаҳон медонад, аз ҳаққи Пекин барои боздошти садҳо ҳазор мусулмони уйғур ва нигаҳдории онҳо дар урдугоҳи бозомӯзии ақидатии Чин ҳимоят кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Арабистон дар нишасти иқтисодӣ эълом кард, кишвараш дар иқдомоти Пекин дар мавриди минтақаи Синкиёнг, ки дар он наздик ба як миллион мусулмон ва дигар ақаллиятҳои мазҳабӣ дар урдугоҳҳои бозомӯзии ақидатӣ ба сар мебаранд дахолате нахоҳад кард ва ҳатто аз ин ҳаракати Чин низ ҳимоят хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки хонаводаи ҳоким бар Арабистони Саудӣ худро мудофеи мусулмонони саросари ҷаҳон ва ҳомии муқаддастарин мақбараҳои ислом муаррифӣ кардаанд.

Ба навиштаи “Индепендент”, гуфта мешавад зиндониёни урдугоҳҳои бозомӯзии ақидатӣ маҷбур ба масрафи гӯшти хук ва машруботи алкулӣ мешаванд, ки дар дини онҳо ҳаром эълом шудааст.

Созмони афви байналмилал бар ин бовар аст, ки Чин наздик ба як миллион нафар аз мусулмонони дорои миллияти уйғурро боздошт ва роҳии чунин урдугоҳҳое карда ва ба иҷбор омӯзиш додааст.