Мақоми олмонӣ: Аврупо бо хусуматварзии Амрико алайҳи Эрон мухолиф аст
(last modified Wed, 08 May 2019 12:57:26 GMT )
Май 08, 2019 17:57 Asia/Dushanbe
  • Мақоми олмонӣ: Аврупо бо хусуматварзии Амрико алайҳи Эрон мухолиф аст

Раиси Комиссияи дифои парлумони Олмон гуфт, Аврупо бояд бо хусуматварзӣ ва таҳдиди низомии Амрико алайҳи Эрон мухолифат кунад.

Мишоил Ҳун рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи Твиттери худ дар вокуниш ба эъломи тасмими Эрон дар хусуси коҳиши сатҳи тааҳҳудоти ҳастаии худ навишт, аз аврупоиҳо мехоҳам то дар баробари ҳар гуна иқдоми ғайримаъмул, аз ҷумла иқдоми низомӣ мухолифат ва истодагӣ кунанд.

Ба дунболи ташдиди иқдомоти зиддиэронии Амрико ва таъхири аврупоиҳо дар иҷрои тааҳҳудоти худ дар зайли БарҶом, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон имрӯз, чаҳоршанбе, 8 май аз коҳиши тааҳҳудоти Теҳрон зайли БарҶом хабар дод ва эълом кард, аз имрӯз фурӯши урани ғанишуда ва оби сангин мутаваққиф мешавад.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ дар баёнияе эълом кард, Теҳрон ба кишварҳои боқимонда дар БарҶом, 60 рӯз барои иҷрои тааҳҳудоти худ, ба вижа дар ҳавзаҳои бонкӣ ва нафтӣ фурсат медиҳад.

Британия, Фаронса ва Олмон баъд аз хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БарҶом дар 8 майи соли 2018, ваъда доданд, ки бо тазмини манофеи иқтисодии Эрон, ин тавофуқро ҳифз кунанд.

Ин кишварҳо бо вуҷуди истодагиҳои лафзӣ ва сиёсӣ дар баробари иқдоми Амрико то кунун дар амал ба ваъдаи додашуда барои ҳифзи ин тавофуқ муваффақ набудаанд.