ДИИШ дар Кашмир эъломи ташкили вилоят кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i43688-ДИИШ_дар_Кашмир_эъломи_ташкили_вилоят_кард
Пас аз даргирӣ миёни неруҳои амниятӣ ва ниманизомиён дар минтақаи Кашмир, гуруҳи террористии ДИИШ барои нахустин бор дар Ҳнид аз ташкили вилоят хабар додааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 12, 2019 10:02 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ дар Кашмир эъломи ташкили вилоят кард

Пас аз даргирӣ миёни неруҳои амниятӣ ва ниманизомиён дар минтақаи Кашмир, гуруҳи террористии ДИИШ барои нахустин бор дар Ҳнид аз ташкили вилоят хабар додааст.

Ба нақл аз ИРНО, хабаргузории Аъмоқ вобаста ба ДИИШ бо қироати баёнияе номи ин вилояти нав дар Кашмирро вилояти Ҳинд эълом кард.

Дар ин баёния ДИИШ ҳамчунин иддао мекунад ба неруҳои амниятии Ҳинд дар минтақаи Имши Пура воқеъ дар бахши Шупиёни иёлати Ҷому ва Кашмир ҳамалоте кардааст.

Баёнияи ДИИШ дар ҳоле мунташир мешавад, ки  полиси Ҳинд рӯзи ҷумъа эълом карда буд, як ниманизомӣ ба номи Ишфоқ Аҳмад Сӯфӣ дар даргирӣ бо неруҳои амниятии Ҳинд дар бахши Шупиён кушта шудааст.

Гуруҳи террористии ДИИШ пас аз шикастҳои пай дар пай дар Ироқ ва Сурия ва аз даст додани тамоми минтақаҳои таҳти контроли худ ба дунболи нуфуз ба дигар минтақаҳои осебпазир дар ҷаҳон аст.

Моҳи гузашта ин гуруҳ масъулияти ҳамлаи террористӣ ба Шри-Ланкаро, ки дар он 253 тан кушта ва 500 нафар маҷруҳ шуданд бар уҳда гирифт.