Июл 09, 2019 19:43 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии даври ҳафтуми музокироти Амрико бо Толибон дар Қатар

Ҳафтумин даври музокироти ба истилоҳ сулҳи Амрико бо Толибон дар Қатар пас аз ду рӯзи вақфа имрӯз аз сар гирифта шуд.

Ҳафтумин даври музокироти Амрико бо Толибон шанбеи ҳафтаи гузашта дар Қатар оғоз шуд ва ин музокирот пушти дарҳои баста ва ба дур аз ҳузури расонаҳои ҷамъӣ идома ёфт.

Ин музокирот рӯзҳои якшанбе ва душанбе ба иллати баргузории гуфтугӯҳои байни Толибон ва аҳзоби сиёсӣ дар шаҳри Доҳа мутаваққиф шуд. Ин гуфтугӯ шаби гузашта бо судури қатъномае ба кори худ поён дод. Дар ин қатънома бар поёни ҷанг, барқарории сулҳ ва музокироти муассири миёни афғонҳо таъкид шудааст.

Давлати Афғонистон ҳамчунон ғоиби бузурги ин нишаст ба шумор меравад ва ба ҳамин иллат тавофуқоти он ҷанбаи иҷроӣ надорад.

Гурӯҳи Толибон музокираи мустақим бо давлати Афғонистонро ба таъйини ҷадвали замонӣ барои хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон машрут кардааст.

 

Барчасп