Июл 13, 2019 20:21 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон аз тарафи Толибон

Гурӯҳи Толибон ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро, ки бистуҳаштуми сентябр баргузор мешавад, таҳрим кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, расонаҳои Афғонистон ба нақл аз Шермуҳаммад Аббос Истонакзай, музокиракунандаи аршади гурӯҳи Толибон дар Қатар эълом карданд, баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон бо ҳузури низомиёни хориҷӣ барои Толибон ғайриқонунӣ ва ғайриқобили пазириш аст ва гурӯҳи Толибон наметавонад ин интихоботро бипазирад.

Вай бо ишора ба музокироти гурӯҳи Толибон бо амрикоиҳо бар сари хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон дар Доҳаи Қатар гуфта, ки қарор аст кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ, аз ҷумла Ҷопон хуруҷи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон тазмин кунанд.

Истонакзай афзуд, пас аз оғози хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон, гурӯҳи Толибон тавофуқномаи эҳтимолӣ бо Амрикоро гом ба гом амалӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки музокироти гурӯҳи Толибон ва намояндагони Амрико дар Доҳаи Қатар ҳафт давр баргузор шуда ва то кунун ҳеҷ гуна тавофуқномае байни тарафайн имзо нашудааст.

 

Барчасп