Август 01, 2019 10:23 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 51 мусофири афғонистонӣ дар Ҳарот

Дар бархурди як дастгоҳ афтобуси мусофирбарӣ бо минаи канори ҷодаӣ беш аз 34 мусофир кушта ва ҳабдаҳ нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, таркиши мина дар масири як дастгоҳ афтобуси мусофирбарӣ дар бузургроҳи Қандаҳор-Ҳарот 34 нафар кушта ва 17 нафар захмӣ бар ҷой гузошт.

Сиддиқ Сиддиқӣ сухангӯи раёсат ҷумҳурии Афғонистон эълом кард, ин таркиш, ки дар масири Қандаҳор-Ҳарот ба вуқуъ пайваст 34 мусофир аз ҷумла занон ва кудакон кушта ва 17 нафар захмӣ шуданд. Вай гуруҳи Толибонро ба минагузорӣ дар масири убури ғайринизомиён муттаҳам кард.

Масъулони маҳаллии вилояти Ҳарот эълом карданд, ин таркиш субҳи имрӯз замоне рух дод, ки як дастгоҳ афтобус ҳомили мусофирон дар минтақаи Шовз байни Фароҳ ва Ҳарот бо мина кор гузошта шуда дар канори ҷодда бархурд кард.

Масъулони маҳаллии Ҳарот эълом карданд, эҳтимол меравад шумори талафоти ин таркиш афзоиш ёбад. Рӯзи гузашта Дафтари намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон бо интишори гузориши шаш моҳаи худ эълом кард, бар асари ҷанг, таркишҳои канориҷодаӣ ва ҳамалоти таркишӣ дар шаш моҳи аввали имсол ҳудуди чаҳор ҳазор ғайринизомии афғон кушта ё захмӣ шуданд.

 

Барчасп