Тазоҳуроти мардуми Эл Пасо-и Амрико дар остонаи сафари Доналд Трамп
(last modified Thu, 08 Aug 2019 08:03:33 GMT )
Август 08, 2019 13:03 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Эл Пасо-и Амрико дар остонаи сафари Доналд Трамп

Мардуми шаҳри Эл Пасо-и Тегзас дар эътироз ба сафари Доналд Трамп ба ин шаҳр тазоҳурот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тазоҳуркунандагони шаҳри муҳоҷирнишини Эл Пасо бо дар даст доштани порчанавиштаҳое зимни нажодпараст хондани Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико эътирози худро ба сафари вай ба Эл Пасо эълом карданд.

Яке аз тазоҳуркунандагон бо дар даст доштани порчанавиштае, ки руи он бо ишора ба тирпаронии севвуми август дар Эл Пасо, ки баа кушта шудани 20 нафар анҷомид навишта бул Трамп ту шарики ҳамлаи севвуми август ҳастӣ. Ба ту хушомад намегуем. Яке дигар аз тазоҳуроткунандагон порчанавиштае дар даст дошт, ки бар руи он навишта буд ҳануз ҳам эҳсоси бузуургӣ мекунӣ? бархе аз тазоҳуркунандагон либосҳоеро пушида буданд, ки руи он навишта шуда буд набояд ба нажодпарастӣ хушомад гуфт ва набояд ба Трамп хушомад гуфт.

Яке аз тазоҳуроткунандагони ҷавон дар суханронӣ гуфт, ин кишвар натавониста ба ваъдаҳои худ амал кунад. Ҳамаи мо бояд дар канори ҳам ҷамъ шавем ва ба унвони муҳоҷирон, мардум бо ранги пустҳои мухталиф, қаҳваранг то сиёҳ, аз зан ва марду ва ҳар чизи дигааре барои ҳаққ барои зиндагӣ биистем.

Таърихи шаҳри мо ба унвони як ҷомеаи амн ба хотири он чи ки дар субҳи рӯзи шанбе иттифоқ афтод тағйир нахоҳад кард. Мо иҷоза нахоҳем дод ин иқдоми буздилона ва нафратангез муҷиби маҳдуд шудани ҷомеаи мо шаванд ҳатто агар ҷомеа мавриди таҳдиди зушунати бартариҷӯёни сафедпуст ва лаффозии нажодпарастонаи раиси ҷумҳури мо қарор гирад. Мо ҳануз ин қудратро дорем то ояндааи худро таин кунем ҳатто замоне, ки ин раиси ҷумҳур дар пуиши интихоботии хууд аз суханронии нафратбор барои нодида гирифтани хушунат алайҳи муҳоҷирон ва лотинтаборҳо истифода карда бошад. Мо бархоҳем хост. Аммо вақте, ки мо бармехезем ҷаҳон хоҳад донист, ки қиёми мо барои ҷомеа ва ин кишвар будааст. Мо имрӯз бояд дар канори якдигар гирд оем ва бигуем Доналд Трамп нафрат ва нажодпарастӣ ва таассуби ту дар инҷо тарафдор нахоҳад дошт.