Август 28, 2019 21:28 Asia/Dushanbe
  • Фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд хостори ташкили эътилоф зидди Толибон шуд

Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони фақиди Афғонистон бар зарурати ташкили эътилоф зидди гурӯҳи Толибон таъкид кард.

Аҳмад Масъуд дар Кобул гуфт, басиҷи гурӯҳҳои зидди Толибон барои ҷилавгирӣ аз давраи ҷадиде аз қудрати ин гурӯҳ зарурӣ аст.

Писари Аҳмадшоҳи Масъуд бо интиқод аз тавофуқи эҳтимолӣ байни Амрико ва гурӯҳи Толибон афзуд, ин тавофуқ навъе ҳисси пирӯзӣ ба Толибон хоҳад дод ва ба террористҳо машрӯият хоҳад бахшид.

Вай таъкид кард, тавофуқи эҳтимолии Амрико ва гурӯҳи Толибон таҳти раҳбарии афғонҳо нест.

Аҳмад Масъуд ҳамчунин гуфт, қасд дорад рӯзи панҷшанбеи панҷуми сентябр (14 шаҳривар) ба таври расмӣ оғози кори ҷунбиши сиёсии худро дар Панҷшер (зодгоҳи хонаводагии худ) дар шимоли Кобул эълом кунад.

 

Барчасп