Август 30, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Мушовири Абама; таҳрими Эрон, асаре надошт

Мушовири раиси ҷумҳурии собиқи Амрико идаъоҳои Трампро бинобар муасир будани таҳримҳои ин кишвар алайҳи Эрон, рад кард.

Денис Рос, мушовири Барак Абама раиси ҷумҳурии собиқи Амрико рӯзи панҷшанбе дар ёддоште дар рӯзномаи Вашингтон Пост иддаъоҳои мукарари Доланд Трамп, раиси ҷумҳури кунунии ин кишварро бинобар ин,ки сиёсати Ӯ мавсум ба Корзори фишори ҳаддиаксарӣ муасир воқеъшудааст,рад кард.

Рос ба Трамп ва давлатмардонаш ёдовар шуд,ки чоназанӣ бо Эрон бо ҷуш додани муомилоти милкӣ фарқ  дорад ва сиёсатҳои Теҳрон дар минтақаро наметавон ба содагӣ ба доллар ва сент вобаста донист.

Броён Ҳук намояндаи вижаи давлати Трамп дар умури Эрон ба тозагӣ иддаъо карда,ки таҳримҳои Амрико муҷиби коҳиши будҷаи низомии Теҳрон дар солҳои 2018 ва 2019 шудааст.

Рос дар бораи ин иддаъо гуфт; ин коҳиши идаъои будҷа ,ба коҳиши фаъолиятҳои Эрон дар тангаи Ҳурмуз сабаб нашудааст зеро дар ҳамонҷо буд,ки нерӯҳои эронӣ чанде пеш як паҳподи амрикоиро сарнагун карданд.

Рос афзуд; Трамп дар мунзавӣ кардани Амрико бештар аз  аз мунзавӣ кардани Эрон мувафақтар будааст зеро сиёсати фишори ҳаддиаксарии вай муттаҳидони аврупоии Вашингтонро,ки ҷузви ҷудоинопазири фишори мувафақиятомези мо алайҳи Эрон буданд,ба ҳошия рондааст. Ин сиёсатмадори амрикоӣ гуфт: таърих ба мо мегуяд Эронро наметавон бо таҳрим ба тағийри рафтор водор кард.

Амрико баъд аз хуруҷи якҷониба аз БАРҶОМ, корзори ҳамаҷонибаи эъмоли фишорро алайҳи Эрон ба роҳ андохта аст.

Барчасп