Октябр 20, 2019 12:49 Asia/Dushanbe
  • Модари 36 солае, ки 44 фарзанд ба дунё овардааст

Пизишкон зани 36 сола аз Угандаро пас аз ба дунё овардани 44 фарзанд аз бордории дубора манъ карданд.

Ба нақл аз Алъолам, Марям Набатанзӣ, ки тавоноии Худододӣ дар борварӣ ва фарзандоварӣ дорад дар 24 соли гузашта 5 гуруҳи  чаҳоргоник, 4 гуруҳи сегоник ва 6 гуруҳи дугоникро ба дунё овардааст.

Сокинони маҳаллӣ ва ҳамшаҳриёнаш лақаби "Борвартарин зани ҷаҳон"-ро ба вай додаанд.

Пизишкон акидан ба вай тавсия кардаанд, ки вазъи ҳамли дубора барои саломатии вай бисёр зарарнок аст.

Image Caption


Вай дар 12 солагӣ ва як сол пас аз издивоҷаш бо марде 40 сола аввалин фарзандони худро, ки дугоник буданд ба дунё овард.

Марям ҳатто як бор шашгоник бордор шуд, ки ҳамаи ин шаш фарзанди вай пас аз таваллуд даргузаштанд.

Ҳамсари Марям 4 соли пеш вайро тарк кард ва вай ба танҳоӣ масъулияти бузург кардани 38 фарзандашро ба уҳда гирифтааст.

Вай, ки бештари вақти худро дар рӯз ба умури тарбият ва парвариши фарзандонаш мепардозад ба гуфтаи худ даромаде кам ва нокофӣ аз тариқи табобат ва атторӣ, дӯзандагӣ ва ороишгарӣ касб мекунад.

Барчасп