Қасди Амрико барои таҳрими Испания
Давлати Амрико бо баҳонаи кумаки Испания ба Венесуэла ба дунболи эъмоли таҳрим алайҳи Мадрид аст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Блумберг”-и Амрико, мақомоти Кохи Сафед бинобар кумакрасонии Испания ба Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла қасд доранд, таҳримҳое алайҳи Мадрид вазъ кунанд. Бархе манобеъ аз даруни давлати Амрико хабар додаанд, ки Вашингтон дар ҳоли баррасии фаъолиятҳои Бонки марказии Испания ва дигар воҳидҳои молии ин кишвари аврупоӣ аст, зеро муътақид аст, ки Венесуэла дар Испания эътибороти молӣ эҷод кардааст. Дар ин гузориш омадааст, бо он ки Испания ба табаият аз Амрико Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэларо ба унвони раисҷумҳури муваққати Венесуэла ба расмият шинохта, аммо Бонки марказии ин кишвар равобиташро бо давлати Мадуро нигаҳ доштааст. Тибқи ин гузориш, Кохи Сафед ҳамчунин муътақид аст, Педро Санчез, раиси муваққати давлати Испания монеъ аз он шудааст, ки таҳримҳои сахти Иттиҳоди Аврупо алайҳи давлати Венесуэла шакл гирад.
Амрико бо таҳримҳои густурда саъй дорад, давлати қонунии Мадуроро дар Венесуэла сарнагун созад. Ба ҳамин далел ҳама ширкатҳои хусусӣ ва давлатиро, ки бо Каракас ҳамкорӣ дошта бошанд, ҳадафи таҳримҳои худ қарор медиҳад.