Кушта шудани ҳудуди 110 хабарнигор дар Афғонистон
(last modified Sat, 02 Nov 2019 12:45:22 GMT )
Ноябр 02, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ҳудуди 110 хабарнигор дар Афғонистон

Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кард, дар ду даҳсолаи ахир 109 хабарнигор дар ин кишвар бар асари ҷанг, даргирӣ ва таркишҳои террористӣ кушта шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Маркази хабарнигорони Афғонистон рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард, 94 нафар аз 109 хабарнигори кушта шуда дар Афғонистон дар ду даҳсолаи ахир шаҳрвандони ин кишвар ва бақия шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.

Тибқи ин гузориш 15 нафар аз хабарнигорони кушта шуда зан буданд.

Дар гузориши Маркази хабарнигорони Афғонистон омадааст, гуруҳи Толибон, гуруҳи террористии ДИИШ ва нерӯҳои хориҷӣ омили аслии кушта шудани хабарнигорон дар Афғонистон ҳастанд.

Афғонистон яке аз кишвраҳои хатарнок барои хабарнигорон аст.