Таъкиди Шурои олии маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ бар иттиҳод миёни мардуми Афғонистон
(last modified 2019-11-12T06:51:29+00:00 )
Ноябр 12, 2019 11:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Шурои олии маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ бар иттиҳод миёни мардуми Афғонистон

Узви Шурои олии маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ бо табрики фаро расидани Ҳафтаи ваҳдат ва милоди пайёмбари ислом (с) ва имом содиқ (а) бар иттиҳод миёни мардуми Афғонистон таъкид кард.

Ба нақл аз радиои бурунмарзии Садои Хуросон, мавлоно Иброҳим Фозили Ҳусайнӣ гуфт, ғарбиҳо бо тафриқа байни мазоҳиб дар Афғонистон ба дунболи ҳифзи манофеи худ ҳастанд ин олими  аҳли суннат афзуд, тафриқа омили аслии набуди пешрафти Афғонистон аст ва ғарбиҳо аз он дар ростои манофеи худ истифода мекунанд.

Мавлоно Иброҳим Фозили Ҳусайнӣ эътироф кард, ки агар Афғонистон аз пешрафтҳо маҳрум шуд фақат ба хотири ихтилоф ва тафриқааст, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омад.

Вай таъкид кард, акнун танҳо роҳи наҷот ва саодати миллати Афғонистон иттиҳод аст ва ба дунболи гуруҳгароиҳо ва фирқагароиҳо набошанд ва фикри худро маътуф ба ободонии ин кишвар кунанд.

Ин узви Шурои олии маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазҳабҳои исломӣ гуфт, касоне, ки ба дунболи эҷоди ихтилоф дар минё уммати мусулмони Афғонистон ҳастанд қатъан авомили дасти бегонагон ҳастанд ва ҳифзи манофеи худро дар ин кор мебинанд ва ба ҳамин хотир ба дунболи эҷоди тафриқа ва ихтилоф байни мазҳабҳо ва тавоифи ин кишвар ҳастанд, то аз ин тариқ ба ҳадафи худ, ки ҳамон султа бар уммати исломӣ аст бирасанд.