Рӯзона чанд норангӣ бихӯрем?
(last modified 2019-11-26T13:21:40+00:00 )
Ноябр 26, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Рӯзона чанд норангӣ бихӯрем?

Як мутахассиси тағзия дар Русия мегӯяд, ки рӯзона метавон ҳадди аксар 4 адад норангӣ масраф кард.

Ба гузориши  “Спутник”, Тамара Пронтсева, мутахассиси тағзияи Маркази биотехнология ва тағзияи солими Русия бо баёни ин ки масрафи норангӣ эминии баданро афзоиш медиҳад ва заҳрро аз бадан хориҷ мекунад, гуфт, бо вуҷуди фавоиди зиёди норангӣ рӯзона метавон ҳадди аксар 4 адади онро масраф кард, вале набояд дар хӯрдани ин мева ифрот шавад.

Вай афзуд, зимистон бадан бо камбуди витамин рӯ ба рӯ мешавад ва норангӣ агарчи меваи дорои калорияи кам аст, вале витаминҳои зиёде дорад, ҳамчунин бахши аъзами ин мева аз об ташкил шуда ва дорои миқодири фаровони фибр аст, ки ин фибр, бахусус дар қисмати сафеди байни гӯшти мева ва пӯсти он вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ин мутахассиси рус, норангӣ ҳовии миқдори зиёди витамини «С» ва низ магнезиюм аст ва аз ин тариқ дар фаъолияти мушакҳои дастгоҳи гувориш ва шабакаи асабии бадан муассир аст. Тамара Пронтсева афзуд, норангӣ ҳамчунин ба хотири доштани миқдори фосфор ва калсийи фаровон аз меваҳоест, ки дар тақвияти ҳофизаву ҳуш ва низ ташкили устухону скелети бадан нақш ифо мекунад ва дорои аносири ташкилдиҳандаи хун аст.

Ин мутахассиси тағзия пешниҳод мекунад, ки норангиро субҳҳо ва дар тӯли рӯз то қабл аз соати 5-и аср бихӯред ва аз масрафи ноштоии он худдорӣ кунед.

 

Барчасп