Ноябр 30, 2019 12:55 Asia/Dushanbe
  • Пазириши 160 донишҷӯи афғонистонӣ тавассути Узбакистон

Гурӯҳи ҷадиде аз донишҷӯёни афғонистонӣ муташаккил аз 160 нафар барои гузарондани давраҳои омӯзишӣ дар донишгоҳҳои Узбакистон вориди ин кишвар шуданд.

Ба нақл аз Форс, Исматулло Эргашев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Узбакистон дар умури Афғонистон, Сарвархон Бузрукхонов, муовини вазири омӯзиши олӣ ва мутавасситаи тахассусии Узбакистон, Ҳошимӣ, раиси бахши кӯмакҳои билоавази омӯзишии хориҷии Афғонистон ва намояндагони дигар вазоратхонаҳо ва идорот барои истиқбол аз донишҷӯёни афғон ба минтақаи ҷанубии ин кишвар сафар карданд.

Маркази омӯзишии махсус барои атбои Афғонистон 3 сол аст, ки фаъолият мекунад.

Ин бор донишҷӯёни воридшуда дар риштаҳои пизишкӣ, забон ва адабиёти узбакӣ, муҳандисии сохтмон ва муҳандисии роҳ ва таробарӣ омӯзиш мебинанд.

 

Барчасп