Декабр 19, 2019 13:28 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 2 тан аз атбоъи тоҷики узви гурӯҳи ДИИШ

Манбаъҳои хабарии Туркия аз боздошти 2 тан аз атбоъи тоҷики узви гурӯҳи ДИИШ хабар доданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ва, шабакаи хабарии телевезионии ( Хабар, Ти, Эр, Ти ) ва хабаргузории ( Ди, Эч,Ой ) Туркия аз боздошти 2 узви аршади тоҷикистонии ДИИШ хабар доданд.

Ин шабака эълом кард,ки бо баррасиҳои анҷом шуда асомии ин ду ДИИШИ Парвиз Сайдраҳмонов мулақаб ба Абудовуд Тоҷиддин Назаров мулақаб ба Асома норакӣ аст.

Ин ду узви ДИИШ ҳамакнун ба сурати ҷудогона дар ду зиндон дар Сурия зери назари нерӯҳои Курд нигаҳдорӣ мешаванд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон Парвиз Сайдраҳмонов, ва Тоҷиддин Назаровро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи ДИИШ, таблиғ ва ҷазби шаҳрвандони ин кишвар барои узвият дар ин гурӯҳи терорристии, такфирӣ муҷрим эълом карданд.

Бар асоси оморҳои расмии ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои 2014 то 2018 ҳудуди 2000 нафар аз сокинони ин ҷумҳурӣ ба кишварҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон рафтанд ва дар онҷо узви ДИИШ шуданд,ки аз ин теъдод 500 тан дар даргириҳои мухталиф кушта шуданд.

Ҳамакнун даҳҳо нафар аз аъзои тоҷики ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои терорристӣ,ба ҳамроҳи занон ва фарзандони онон дар зиндонҳои Ироқ ва Сурия ҳастанд.

Барчасп