Декабр 28, 2019 15:41 Asia/Dushanbe
  • Ғазорасонии ҳалол ба бехонаҳо дар  Кордифи Англия ҳамзамон бо ҷашни соли нави милодӣ

Ғазохурии ҳалол дар Кордифи Англия ҳамзамон бо ҷашни соли нави милодӣ ба бехонаҳо ғазорасонӣ кард.

Ба нақл аз Ҳавза, ғазохурии ҳалол чипс ва моҳӣ мутаалиқ ба мусалмонон дар шаҳри Кордиф дар Вилз,ба муносибати аёми соли нави милодӣ ба бехонаҳо ғазорасонӣ карда ва дарҳояшро ба сурати ройгон ба рӯи афроди ниёзманд, пир ва осебпазир боз кард.

Ғазохурии Виктория Фишбор аз соати 12 то 15 рӯзи соли нави милодӣ дарҳояшро ба рӯи мардум кушода ва ба онҳо ғазои гарми бепул дод.

Корманди ин ғазохурии ҳалол дар ФЕСБУК навишт ; як тим аз довталабони мусалмон тасмим гирифтанд,ки дар рӯзи соли нави милодӣ мағозаро боз кунанд аммо на барои сервиси  маъмулии ҳар рӯз. Бехонаӣ дар Кордиф рӯ ба афзоиш буда ва мо тасмим гирифтем аъзои таъсиргузоре барои эҷоди тағйир дар ҷомиъа бошем.

Вай гуфт ; аз ин рӯ ғазохурӣ дар рӯзи соли нав мо барои ҳамаи бехонаҳо, афроди пиронсол ва осебпазир боз хоҳем буд ва ба ҳамаи афрод аз доштани як ғазои гарм ва дилпазир дар хона ҳамроҳи азизонашон баҳраманд нестанд. Барои ҳамин низ бисёр талош кардем то чунин таҷрибаеро то ҳаде барояшон эҷод кунем.

Муҳаммад Назокат, соҳиби ғазохурӣ дар гуфтугу бо хабарнигорон гуфт ;  дар рӯзи соли нав барои мардуми инҷо як рӯзи вижа аст ва ман ва тими ман тасмим гирифтем рӯзи вижаеро бо афроди бехона бисозем,зеро дар ҳоли ҳозир теъдоди бештаре аз онҳо вуҷуд дорад. Мо ҳам бо онҳо аз рӯзи худ лаззат мебарем.