Январ 07, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • “Форин полиси”: Трамп монеъ аз ҳузури вазири хориҷии Эрон дар нишасти СММ шуд

Нашрияи амрикоии "Форин полиси" гузориш дод, давлати Амрико сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Ню-Йорк ба манзури ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро мамнуъ кард.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, ба нақл аз нашрияи амрикоии "Форин полиси", мамонеати Амрико аз судури виза барои сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ба он кишвар дар ҳолест, ки Амрико ба унвони мизбони Созмони Милали Муттаҳид муваззаф аст, барои тамоми ҳайати дипломатии узви ин ниҳоди байналмилалӣ раводид содир кунад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бим дорад, ки вазири умури хориҷии Эрон дар нишасти ояндаи Созмони Милали муттаҳид ҷинояти Кохи Сафедро дар фармони террори сардор сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ташреҳ мекунад.

Дар ҳамин ҳол Алирзои Мирюсуфӣ, ройзани матбуотии намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ҳанӯз посухе дар бораи судури виза барои сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Ню-Йорк ба намояндагии Эрон ирсол нашудааст. Пештар Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон дар бораи сафари Зариф ба Ню-Йорк гуфта буд, дар сурати муҳайё шудани шароит, аз ҷумла судури раводид вазири умури хориҷии Эрон авоили январ барои ширкат дар иҷлоси вижаи Шӯрои амнияти Созмони Милал ба Ню-Йорк сафар мекунад. Иҷлоси вижаи Шӯрои амнияти Созмони Милал дар бораи аҳдофи маншуре ба муносибати ҳафтоду панҷумин солгарди ташкили ин созмон дар Ню-Йорк баргузор мешавад.

Давлати Амрико моҳи июли соли 2019 дар яке дигар аз рафторҳои дугонаи худ вазири умури хориҷии Эронро таҳрим кард. Ин иқдоми Вашингтон, ки аз як сӯ тазоҳур ба танишзудоӣ ва тамоил ба музокира мекунад ва аз сӯи дигар бар дари дипломатия қуфл мезанад, вокунишу бозтоби густардаи кишварҳо, ниҳодҳо ва расонаҳои байналмилалиро ба дунбол дошт.

 

Барчасп