Хашми Маҷлиси Афғонистон аз ҷинояти ҷангии низомиёни террористи амрикоӣ дар вилояти Ҳирот
(last modified 2020-01-12T06:18:14+00:00 )
Январ 12, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Хашми Маҷлиси Афғонистон аз ҷинояти ҷангии низомиёни террористи амрикоӣ дар вилояти Ҳирот

Намояндагони Маҷлиси Афғонистон таъкид карданд низомиёни террористи амрикоӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ ба вилояти Ҳирот муртакиби ҷиноятҳои ҷангӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Намояндагони Маҷлиси Афғонистон дирӯз (шанбе) бо маҳкум кардани ҳамлаҳои ҳавоии ахири низомиёни террористи амрикоӣ дар шаҳристони Шинденди вилояти Ҳирот, ки ба кушта ва захмӣ шудани беш аз шаст ғайри низомӣ мунҷар шуд, хуруҷи низомиёни хориҷиро аз кишварашон хостор шуданд.

Онон эълом карданд ҳайати вижае аз сӯи маҷлис барои баррасии ин ҷинояти амрикоиҳо ба Шинденд сафар кунад.

Муҳаммадсодиқи Қодирӣ намояндаи мардуми Ҳирот дар Маҷлиси Афғонистон низ аз сукут ва бетафовутии давлатҳои Афғонистон ва Амрико дар ин хусус интиқод кард ва гуфт ин мавзӯ хашми мардуми он кишварро барангехтааст.

Фотима Азиз намояндаи мардуми Қундуз дар Маҷлиси Афғонистон низ ҳамлаҳои ҳавоии низомиёни амрикоӣ дар шаҳристони Шиндендро ҷинояти ҷангӣ ва онро ғайри бахшуданӣ хонд ва гуфт, авомили ин ҷиноят бояд муҷозот шаванд.

Вай афзуд, агар омилини чунин ҷинояте беш аз ин муҷозот мешуданд имрӯз шоҳиди такрори он набудем.

Муҳаммад Наим Вардак намояндаи мардуми Кобул дар маҷлис низ зимни интиқод аз сукути давлати Афғонистон дар баробари таҷовузоти низомиёни амрикоӣ, хостори пайгирии ин мавзӯ шуд, то аз хашми мардум коста шавад.

Вокуниши Намояндагони Маҷлиси Афғонистон ба ин ҷинояти низомиёни амрикоӣ дар ҳолест, ки то кунун Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон вокунише ба ин ҷинояти низомиёни амрикоӣ нишон надодаанд.

Аз замони ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон дар 19 соли гузашта ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният беш аз 48 ҳазор нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.

Барчасп