Намояндаи Чин дар Созмони Миллал: Амрико бо террори сардор Сулаймонӣ мавозини байналмиллалиро поймол кард
(last modified 2020-01-12T09:56:45+00:00 )
Январ 12, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Чин дар Созмони Миллал: Амрико бо террори сардор Сулаймонӣ мавозини байналмиллалиро поймол кард

Намояндаи доимии Чин дар Созмони Миллали Муттаҳид изҳор кард, ки Амрико бо террори сардор Қосими Сулаймонӣ дар Ироқ ҳамаи мавозини байналмиллалиро поймол кардааст.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷанг Ҷон дар мусоҳиба бо хабарнигорон, ки телевизиони марказии Чин рӯзи якшанбе онро пахш кард таъкид кард, ки рафторҳо ва иқдомоти хушунатбор, моҷароҷӯёна ва якҷонибаи Амрико нақзи мавозини бунёдини байналмиллалӣ аст.

Ӯ гуфт, ки кишвараш қасд дорад ба унвони як бозигари фаол ҳар чи дар тавон дорад барои пешгирӣ аз ташдиди танишҳо ва субот дар минтақаи ғарби Осиё ва Халиҷи Форс бар уҳда гирад ва дар ин росто нақши созанда ифо хоҳад кард.

Ин мақоми чинӣ тасреҳ кард, ки кишвараш ба унвони узви доими Шурои Амният ҳамаи масоил ва таҳаввулотро бо диққат зери назар дорад ва бар он аст, ки аз талошҳои депломатик барои пешгирӣ аз хориҷ шудани вазъият аз контрол баҳра бигирад.

Ҷанг афзуд, ки дар ҳамин иртибот вазири умури хориҷаи Чин бо вазирони хориҷаи Эрон, Русия ва Фаронса гуфтугӯ ва таъкид кардааст, ки Чин мухолифи истифода аз зӯру хушунат дар равобити байналмиллалӣ аст.

Фаристодаи Чин хотирнишон кард, ҳақи ҳокимияти Ироқ бояд мавриди эҳтиром шуморида шавад ва Амрико бояд аз истифодаи абзорӣ аз зӯру қувваи қаҳрия худдорӣ карда ва ба дунболи гуфтугӯ барои ҳалли ихтилофоти байналмиллалӣ бошад.

Ба гузориши ИРНО, вай изҳор кард, Шурои Амният аввалин ва муҳимтарин масъули ҳаросат аз сулҳу амнияти байналмиллалӣ аст ва аъзои шуро бояд барои коҳиши танишҳо талош кунанд.

Намояндаи Чин дар Созмони Миллал иқдоми низомии Амрико дар террори сардор Сулаймонӣ ва ҳамразмонашро боиси шаклгирии таҳавулоти бисёр асосӣ ва нигаронкунанда дар минтақа донист ва гуфт бар уҳдаи Шурои Амният аст бо ин мазӯъ ва барои коҳиши танишҳо бо ҷиддият бархурд кунад.

 

Барчасп