Писари Рейган: агар падарам зинда буд аз вуҷуди Трамп хиҷолатзада мешуд
Рон Рейган писари Роналд Рейган-раиси ҷумҳурии собиқи Амрико гуфтааст, Доналд Трамп раиси ҷумҳури бекифоят ва хиёнаткоре аст, ки Кохи Сафедро ишғол кардааст.
Ба нақл аз пойгоҳи интернетии рӯзномаи ДейлиБист, писари Роналд Рейган чиҳилумин раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, агар падарам зинда буд аз вуҷуди Трамп хиҷолатзада мешуд ва намехост, ки ҷумҳурихоҳон ба ӯ овоз диҳанд.
Рон Рейган писари 61 солаи Роналд Рейган -раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо ин рӯзнома гуфт, Доналд Трамп мояи нанге барои дафтари раёсат ҷумҳурӣ аст.
Вай гуфт, Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар ин марҳила, ба далелҳои муртабит бо Доналд Трамп, як ҳизби сиёсии комилан номашруъ аст, ки фақат дорои муште аз хиёнаткорони чоплус аст, то аз ин марди кучаки нопок, ки Кохи Сафедро ишғол кардааст, дифоъ кунанд.
Рейган афзуд, агар ин раванд идома пайдо кунад, дар як даҳсола, Ҳизби ҷумҳурихоҳ ба як гуруҳи ҳошияӣ ва ҷузъӣ табдил хоҳад шуд.