Март 04, 2020 11:16 Asia/Dushanbe
  • Покистон аз мавзеъгирии Зариф дар бораи хушунатҳо алайҳи мусалмонони Ҳиндустон ҳимоят кард

Вазири умури хориҷаи Покистон сешанбешаб аз мавзеъгирии ҳамтои эронии худ мабнӣ бар маҳкумияти хушунатҳои созмонёфта алайҳи мусалмонони Ҳиндустон ҳимоят кард.

Ба нақл аз ИРНА, Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ дар як паёми твиттерӣ эълом кард: Ман аз нигарониҳои унвоншуда аз сӯи бародарам Муҳаммадҷаводи Зариф дар хусуси ин, ки мақомоти Ҳиндустон бояд рифоҳи ҳамаи ҳиндиҳоро фароҳам кунанд, комилан ҳимоят мекунам.

Вай афзуд: Ҳиндустон ба хушунати ҷамъӣ дучор шуда, ки ношӣ аз он, мусалмонон дар ин кишвар бо таҳоҷуми нерӯҳои хушунатталаб муҷовеҳ ҳастанд.

Вазири умури хориҷаи Покистон он чи, ки қатли оми шайтонӣ ва систематикии мусалмонони Ҳиндустон хонд, ноодилона ва барои тамоми минтақа хатарнок тавсиф кард.

Зариф шаби гузашта дар як паёми твиттерӣ нооромиҳои Деҳлии Навро "як мавҷи созмонёфта аз хушунатҳо алайҳи мусалмонони Ҳиндустон" тасвиф карда буд.

 

 

Барчасп