Ҳабс ва ҷарима дар интизори мутахаллифони карантин дар Афғонистон
(last modified Sun, 05 Apr 2020 11:32:16 GMT )
Апрел 05, 2020 16:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳабс ва ҷарима дар интизори мутахаллифони карантин дар Афғонистон

Мутахаллифони карантин дар Афғонистон ба зиндон ва ҷаримаи нақдӣ маҳккум мешаванд.

Муҳаммадяъқуби Ҳайдарӣ, устондори Кобул гуфт, ба далели бетаваҷҷӯҳии шаҳрвандони Кобул, пойтахти Афғонистон ба карантин ва идомаи тараддуд дар шаҳр, пулиси шаҳри Кобул аз имрӯз якшанбе бо афроди хатокор ба таври ҷиддӣ бархӯрд мекунад ва хатокоронро 18 000 афғонӣ, муодили 250 доллар ва то се соли зиндон маҳкум мекунад.

Устондори Кобул гуфт: Шаҳрвандон барои ҳифзи ҷони худ ва саломати ҷомеа бояд ба тавсияҳои пизишкӣ амал кунанд.

Дар ҳамин ҳол, устондории Ҳироти Афғонистон ҳам имрӯз эълом кард: Аз имрӯз бо мутахаллифони карантин дар сатҳи устон бархӯрд хоҳад кард.

 

Барчасп