Бештар шудани қурбониёни корона дар Амрико аз талафоти ин кишвар дар ҷанги Ветнам
(last modified 2020-04-29T13:00:46+00:00 )
Апрел 29, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Бештар шудани қурбониёни корона дар Амрико аз талафоти ин кишвар дар ҷанги Ветнам

Қурбониёни корона дар Амрико аз талафоти ин кишвар дар ҷанги Ветнам бештар шуд.

Ба нақл аз Форс, тибқи ҷадидтарин омори донишгоҳи Ҷонз Ҳапкинз, бо марги беш аз ду ҳазор нафари дигар тайи  24 соати гузашта, маҷмӯи қурбониёни вируси корона дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба 58 ҳазору 355 нафар афзоиш ёфт.

Тибқи ҷадидтарин омору арқоми донишгоҳи Ҷонз Ҳапкинз, бо марги беш аз ду ҳазор нафари дигар тайи 24 соати гузашта, маҷмӯи қурбониёни коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба 58 ҳазору 355 нафар афзоиш ёфт.

Ин омору арқом ҳамчунин нишон медиҳад, ки маҷмӯи мубталоён ба вируси корона дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  то рӯзи гузашта (сешанбе) ба як миллиону  12 ҳазору 582 нафар афзоиш ёфт ва иёлати Нию-Йорк ҳамчунон бо маҷмӯи 301 ҳазору 450 мавриди ибтило ва 23 ҳазору 143 мавриди фавтшуда конуни бемории ҳамагири КОВИД-19  дар Амрико ба ҳисоб меояд.

Тибқи он чи, ки дар расонаҳои ғарбӣ мунташир шудааст, маҷмӯи низомиёни амрикоие, ки дар ҷанги Ветнам кушта шуданд, 58 ҳазору 220 нафар буда, ки ҳам акунун қурбониёни корона дар ин кишвар аз талафоти онҳо дар Ветнам фаротар рафтааст.

Рон Десантис -фармондори иёлати Флорида дар ҳоли баррасии тарҳи пайвастан ба дигар иёлоти Амрико дар коҳиши маҳдудиятҳои маҳалли кор  ва фармонҳои мондани дар хона дар пайи густариши вируси корона аст.

 

Барчасп