Май 04, 2020 13:51 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти тоза аз амалиёти куштани Усома бин Лодин

Узви собиқи неруҳои вижаи Амрико, ки тири маргборро ба саркардаи собиқи Алқоида партоб кард, ҷузъиёти тозаеро дар бораи ин амалиёт матраҳ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНО, Роб О-ниел- низомии собиқи амрикоӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи Факс-Ниюси Амрико ҷузъиётеро аз наҳваи барномарезии силоҳдорони дарёии Амрико маъруф ба "Navy SEALs" барои куштани Усома бин Лодин, саркардаи собиқи Алқоида ва иҷрои амалиёт баён кард.

О-ниел  ба Факс-Ниюс гуфт: Шашум Navy SEALs қабл аз сафарбаршавии тип ба Покистон барои анҷоми амалиёт, ҳафтаҳо дар минтақае кӯҳистонӣ дар Амрико омӯзиш дида буд.

Ин низомии собиқи Амрико гуфтааст: Эҳтимол медода маъмурияти куштани бин Лодин "ҷоддае як тарафа" бошад ва ӯ ҳаргиз солим ба хона боз нагардад.

Тибқи изҳороти О-ниел, амалиёти куштани бин Лодин 38 дақиқа тӯл кашида буд.

Ин низомии собиқи Амрико ривоят мекунад ба ҳамроҳи яке аз ҳамқаторонаш ба қабати севвуми хонае, ки охирин паноҳгоҳи саркардаи Алқоида буд рафта ва дар утоқи бин Лодин бо худи ӯ ва гурӯҳе аз занон аз ҷумла духтарон ва яке аз ҳамсарони вай рӯбарӯ шуда буд.

О-ниел гуфтааст дар он лаҳза Усома бин Лодин танҳо дар ду қадамии ӯ буд дар ҳоле, ки «худро пушти ҳамсараш пинҳон карда буд ва дастонаш рӯйи шонаҳои занаш буд.

Ба гуфтаи О-ниел, мувоҷеҳаи вай бо бин Лодин танҳо як сония тӯл кашида ва саркардаи Алқоида қабл аз тирпаронӣ чизе нагуфтааст.

Бо дастури Борак Обама, раиси ҷумҳури вақти Амрико Усома бин Лодин- раҳбари гурӯҳи Алқоида рӯзи якуми майи 2011 соати 17 ба вақти Гринвич ба дасти неруҳои низомии амрикоӣ дар сохтмоне дар Абботтабад (Abbottabad)-и  Покистон кушта шуд.

 

Барчасп