Май 19, 2020 10:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Ҷамоати исломии Покистон бар ҳимоят аз миллати Фаластин

Раиси Ҳизби ҷамоати исломии Покистон таъкид кард: Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд гомҳои амалӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи мардуми Фаластин дар муқобили ишғолгарии режими саҳюнистӣ бардорад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Сироҷ Алҳақ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Холид Машъал- раиси собиқи Дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) бо маҳкум кардани табонии Амрико бо режими саҳюнистӣ барои ишғоли Фаластин гуфт: Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи мардуми Фаластин ба ҷои лафзбозӣ ва такрори суханони беҳуда, бояд гомҳои амалӣ бардорад.

Раиси Ҳизби ҷамоати исломии Покистон, тавтеаи ҷаҳонӣ алайҳи Фаластинро маҳкум кард ва хостори гомҳои фаротар аз Созмони Миллал ва дигар ниҳодҳои байналмиллалӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи мардуми Фаластин шуд.

Сироҷ Алҳақ дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳимоят аз озодии Фаластинро бахше аз имони динии мусулмонони ҷаҳон донист ва таъкид кард: Ба рағми пуштибонии амрикоиҳо аз режими саҳюнистӣ барои соҳиб шудани бештари сарзаминҳои фаластинӣ, кишвари Фаластин дар мавқеияти аслии худ яъне Байтулмуқаддас ташкил хоҳад шуд.

 

 

 

Барчасп