Иддаои Пентагон дар бораи густариши шадиди коронавирус миёни низомиёни афғон
Вазорати дифои Амрико эълом кард: Ба эҳтимоли зиёд камаш 50 дарсади неруҳои амниятии Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Нию-Йорк Таймз, Вазорати дифои Амрико Пентагон ба далели шуйюи коронавирус миёни неруҳои амниятии афғон, амалиёти муштарак ва омӯзиши низомиёни Афғонистонро мутаваққиф карда ва ин мавзӯъ амалиёти алайҳи неруҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ-ро таҳти таъсир қарор додааст.
Ба навиштаи ин рӯзномаи амрикоӣ, бо вуҷуди таваққуфи амалиёти низомии муштарак, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ин кишвар алайҳи неруҳои террористӣ идома хоҳад дошт.
Мақомоти Пентагон бар ин боваранд, ки 50 дарсади низомиёни Афғонистон ба коронавирус мубтало шудаанд.