Бурузи беморӣ бо алоими бемории корона пас аз нешзании ҳашароте дар Иёлоти Нью-Йорки Амрико
(last modified 2020-06-15T18:11:31+00:00 )
Июн 15, 2020 23:11 Asia/Dushanbe
  • Бурузи беморӣ бо алоими бемории корона пас аз  нешзании ҳашароте дар Иёлоти Нью-Йорки Амрико

Газиши ҳашароте дар Нью-Йорки Амрико боиси беморӣ бо аломати бемории корона мегардад

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, ба нақл аз Индепендент, бо гарм шудани ҳаво ва албатта, сипарӣ шудани  моҳҳои дароз дар карантини умумии бисёр шаҳрвандон, ҳоло як қатор сокинони шаҳр тасмим гирифтанд, ки ба сайри табиат бираванд; Тасмиме, ки албатта барои сокинони иёлоти Ню-Йорк метавонад таҷрибаи ғофилгиркунанда дар рӯзҳои каронаии ҷаҳон бошад.

 Тибқи гузориши кӯтоҳе, ки дар нашрияи " Нью- Йорк Пост" мунташир шудааст, ки  неши навъи хос аз  як навъи ҳашароте,  ки бештар дар қисми шимолии Нью -Йорк дида мешавад, боиси бурузи  аломатҳои шабеҳи бемории Ковид-19 дар инсон  мешавад.

Тибқи иттилои Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар Иёлоти Муттаҳида, бактерияҳое, ки неши ин "кана"  вориди бадани  инсон  мешаванд, метавонад боиси табларза, дарди сар, шамолхӯрӣ ва дарди мушакҳо гардад. Дар сурати сариъ дармон нашудан, ин бактерияҳо марговар буда метавонанд. Бойрон Баденсон, муовини директори Дафтари назорати бемориҳои сироятӣ гуфт, ки мавориди газидагии ин ҳашарот, хусусан дар шимолу шарқи Нью -Йорк, афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ин мақоми масъул  дар умури бемориҳои вогирдор, манотиқе аз Иёлоти Нью-Йорк аз сабаби зиёд будани ин ҳашарот бисёр олудааст.