Июн 16, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Системаи ибтикори корти ҳушманд дар масҷиди Карбалои Ҳиндустон барои пешгирӣ аз издиҳом

Дар масҷиди Карбалои Ҳиндустон барои пешгирӣ аз издиҳом системаи ибтикори корти ҳушманд истифода шудааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи  livemint, масҷиде дар шаҳри Каликук дар иёлоти Карбалои Ҳиндустон, аз равише ба манзури риояти фосилагузории иҷтимоӣ истифода кардааст.

Комитаи идоракунандаи масҷид, ба манзури оғози иқомаи намозҳои ҷамоат ва ҳамзамон барои ташвиқи риояти фосилагузории иҷтимоӣ кортҳои ҳушманд барои намозгузорон содир кард.

Муҳаммад Саҷҷод як узви комитаи масҷид дарин бора гуфт: комитаи масҷид, барои сокинони атрофи масҷид корти ҳушманд содир кард  ва ҳар кас, ки ба масҷид ворид мешавад ибтидо бояд дастҳояшро бо маводи зиддиуфуникунанда бишӯяд, сипас дар назди дурбин эҳрози ҳувият ва иттилооти онҳо дар сомонаи худкор захира мешавад.

Соҳибони корт маротибаи баъд фақат бояд шумораи корти худро эълом кунанд, то ҷузъиёт ба сурати худкор аз тариқи сомона эълом шавад.

Вай афзуд: дар масҷид пас аз кашидани корт худкор боз хоҳад шуд.

Муҳаммад Саҷҷод афзуд: рӯи дарҳо ҳам ҳисгари таъбия ва дохили масҷид низ аломатгузорӣ шуда то намозгузорон бо ҳифзи фосилагузории иҷтимоӣ қарор бигиранд ва бо хаёли роҳат намози ҷамоат иқома кунанд.