Фаъолияти махфиёнаи шабакаи террористии Алқоида дар Афғонистон
(last modified Mon, 27 Jul 2020 04:44:33 GMT )
Июл 27, 2020 09:44 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти махфиёнаи шабакаи террористии Алқоида дар Афғонистон

Созмони Миллали Муттаҳид дар гузорише аз фаъолияти махфиёнаи шабакаи террористии Алқоида дар Афғонистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ориё-Ниюз, дар гузориши рӯзи якшанбеи Созмони Миллали Муттаҳид омадааст Имен Ал-Заҳовари- саркардаи шабакаи террористии Алқоида дар Афғонистон ҳузур дорад ва шумори аъзои ин шабака 400 то 600 тан баровард мешавад.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, саркардаи шабакаи террористии Алқоида дар моҳи феврал бо бархе аз саркардагони гуруҳи террористии Ҳаққонӣ дар ҷануби шарқии Афғонистон аз ҷумла Яҳё Ҳаққонӣ, ки бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд дидор кардааст.

Бино бар эъломи гузориши Созмони Миллали Муттаҳид, шумори террористҳои покистонии мустақар дар Афғонистон ҳудуди 6 ҳазору 500 тан тахмин зада мешавад, ки аксарияти онон, Толибони покистонӣ ҳастанд ва ҳар ду кишварро таҳдид мекунанд.

Дар бахше аз гузориши Созмони Миллали Муттаҳид омадааст, шабакаи террористии Алқоида бисёре аз ҳамлаҳои худро дар Афғонистон таҳти ҳимояти Толибон анҷом медиҳад.

Аъзои шабакаи террористии Алқоида ҳамонанди ДОИШ дар бархе аз кишварҳои осиёӣ монанди Афғонистон, Сурия ва Ироқ бо ҳимояти Амрико фаъолият мекунанд ва ҷиноятҳои бисёре ба бор овардаанд.