Коҳиши саҳми доллар дар тиҷорати Чин ва Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56299-Коҳиши_саҳми_доллар_дар_тиҷорати_Чин_ва_Русия
Саҳми доллар дар муомилоти тиҷории Чин ва Русия 46 дарсад коҳиш ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 10, 2020 08:09 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши саҳми доллар дар тиҷорати Чин ва Русия

Саҳми доллар дар муомилоти тиҷории Чин ва Русия 46 дарсад коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, коҳиши саҳми доллар дар муомилоти тиҷории Чин ва Русия ишора ба «эътилофи молӣ»-и нави ду кишвар аст.

Бар асоси ин гузориш, дар се моҳи аввали соли 2020, камтар аз ниме аз муомилоти Чин ва Русия ба доллар, 30 дарсад аз ин муомилот ба евро ва 24 дарсад бар асоси арзи миллии ду кишвар будааст.

Алекс Маслов- мудири муассисаи мутолиоти Академияи улуми Русия дар бораи ҳамкории Русия ва Чин дар ҳавзаҳои молӣ ҳам гуфт: Ду кишвар дар ниҳоят параметрҳои лозимро барои ташкили эътилоф пайдо кардаанд.