Август 21, 2020 18:30 Asia/Dushanbe
  • Пизишкони русӣ: Нава́льный масмум нашудааст

Пизишкони Алексе́й Нава́льный, мухолифи саршиноси давлат эҳтимоли масмум шудани ӯро рад карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, доктор Анатолӣ Калинченко- муовини бемористоне дар Сибир, ки Алексе́й Нава́льный, аз фаъолони сиёсии мухолифи давлати Русия дар он бистарӣ аст гуфтааст, ки дар озмоишҳои анҷомшуда рӯи идрор ва хуни бемор ҳеҷгуна асаре аз сам мушоҳида нашудааст.

Доктор Калинченко ҳамчунин гуфта, бемор ба диққат муоина шуда, аммо вай дар мавриди иллати бемории ногаҳонии ӯ изҳори назаре накардааст.

Дар муқобил Кира Ёрмош, сухангӯи Нава́льный ба нақл аз хонаводаи ӯ ташхиси эъломшударо нодуруст хонда ва гуфтааст алоиме, ки пизишкони бемористон ба иттилоъи онон расондаанд метавонад нишонаи бемориҳои мухталиф бошад.

Пештар бемористони Сибир иҷозаи интиқоли Нава́льный ба Олмонро бо ҳавопаймоии эъзомии гурӯҳҳои мудофеъи демокрасӣ надода ва ҷо ба ҷоиро барои бемор хатарнок тавсиф карда буд.  

Рӯзи гузашта ҳавопаймои мусофирбарии ҳомили Нава́льный дар масири сафар аз шаҳри Томск ба Маскав "ба хотири вазъияти изтирорӣ" дар фурудгоҳи шаҳри Омск дар Сибир ба замин нишаст ва ҳоли ӯ пас аз нӯшидани чой дар қаҳвахонаи фурудгоҳ ногаҳон бад шуд.

Тарафдорони Нава́льный муътақиданд, ки дар қаҳвахонаи фурудгоҳ маводи саммӣ ба чойи ӯ афзуда буданд.

Алексе́й Нава́льный ба хотири ифшогарии фасод дар ташкилоти давлатӣ ва интиқод аз Владимир Путин таҳти фишор қарор доштааст.

Барчасп