Тахриби беш аз 70 мактаб дар ҷанги Қарабоғ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58964-Тахриби_беш_аз_70_мактаб_дар_ҷанги_Қарабоғ
Вазири фарҳанг, омӯзиш ва улуми минтақаи Қарабоғ эълом кард: Дар паи вуқуъи ҷанги ахир дар ин минтақа беш аз 70 мактаб тахриб шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 09, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 20 кӯдакистон ва маркази фарҳангии Қарабоғ дар бомбаборонҳо аз байн рафтааст
    Беш аз 20 кӯдакистон ва маркази фарҳангии Қарабоғ дар бомбаборонҳо аз байн рафтааст

Вазири фарҳанг, омӯзиш ва улуми минтақаи Қарабоғ эълом кард: Дар паи вуқуъи ҷанги ахир дар ин минтақа беш аз 70 мактаб тахриб шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Лусина Қараханиян- вазири фарҳанг, омӯзиш ва улуми минтақаи Қарабоғ гуфт: Беш аз даҳ кӯдакистон ва беш аз даҳ маркази фарҳангии Қарабоғ низ дар бомбаборонҳо аз байн рафтааст.

Вазири фарҳанг, омӯзиш ва улуми минтақаи Қарабоғ афзуд: Ҳудуди 30 ҳазор хонанда ва донишҷӯ дар минтақаи Қарабоғ ба хотири ҷанг аз таҳсил маҳрум шудаанд.

Даври ҷадиди даргирии низомиёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари муноқишаи Қарабоғ аз 27 сентябр оғоз ва токунун се бор оташбаси шиканандае дар ин минтақа барқарор шудааст, аммо тарафайн борҳо якдигарро ба ҳамалоту нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Бештар бихонед: