Ноябр 11, 2020 11:00 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи сулҳи Қарабоғ шодии озариҳо ва хашми арманиҳоро дар пай дошта аст.
    Тавофуқи сулҳи Қарабоғ шодии озариҳо ва хашми арманиҳоро дар пай дошта аст.

Дар ҳоле, ки ба дунболи имзои санади сулҳи муноқишаи Қарабоғ, мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон озод шудан се шаҳри худро ҷашн гирифтаанд, дар Арманистон шаҳрвандони хашмгин ба ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳамлавар шуданд .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , ҷашну шодии мардуми Озарбойҷон дар паи бозпасгирии се шаҳри Ағдам ,Келбаҷар ва Лочин то 20 рӯзи дигар  ҳамчунон идома дорад.

 Бар асоси тавофуқи сулҳи миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ки бо миёнҷигарии Владимир Путин ба имзо расид , муноқишаи сисолаи Қарабоғ поён меёбад.

Ҳамчунин ҳудуди ду ҳазор нерӯи сулҳбони русӣ ҳамзамон бо хуруҷи артиши Арманистон аз сарзаминҳои ишғолшудаи Озарбойҷон , ба муддати 5 сол дар долони Лочин мустақар хоҳанд шуд .

 Аммо дар сӯи дигари моҷаро дар Арманистон гуруҳе аз шаҳрвандони хашмгин хостори лағви тавофуқи сулҳ ва идомаи ҷанг бо ҷумҳурӣ Озарбойҷон шуданд.

 

 Онон ба дафтари нахуствазирӣ ва Маҷлиси миллии Арманистон ҳамлавар шуданд ва хисоратҳои фаровоне ба амволи умумӣ ва давлатӣ ворид карданд.

 Дар ин даргириҳо раиси порлумони Арманистон ба шиддат маҷрӯҳ шуд.

Барчасп